Аъраҷ
Зоҳир
АЪРÁҶ (арабӣ أعرج) Абудовуд Абдурраҳмон ибни Ҳурмузи Музанӣ (вафоташ 735), ровии ҳадис, ки мавлои Рабиа ибни Ҳорис буда, аз Абуҳурайра ва дигарон самои ҳадис кардааст. Ӯ дар ривояти ҳадис сиқа буда, ҳар шаш аз асҳоби «Саҳеҳ»-ҳо аз ӯ ҳадис овардаанд. Дар охири умраш дар музофоти Искандария муробит буда, дар он ҷо вафот кардааст. / С. Шаҳобуддинов.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Адабиёт:
- Муҳаммад ибни Исо ат-Тирмизӣ. Шамоилу-н-набӣ. Душанбе, 2010;
.ذهبیشمسالدینمحمدابناحمد،تذکرةالحفاظ،بیروت،بدونسالنشر