Jump to content

Аэратсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


АЭРÁТСИЯ (аз юнонии aer – ҳаво), 1) Аэратсияи биноҳо, ивазшавии табиии ҳавои бино, ки ба туфайли мавҷудияти фарқи зичиҳои ҳавои даруну беруни бино ва таъсири бод ба девору боми он ба вуҷуд меояд. Аэратсия дар биноҳои саноатӣ ва сехҳои гарм (сехҳои оҳангарӣ, рехтагарӣ ва ғайра) татбиқ мешавад. Ҳавои берун аз бодхони қисми поини бино дарун даромада, ҳавои гарм ва олударо танг карда мебарорад ва ҳавои даруни биноро бе сарфи нерӯи барқ тозаву салқин нигоҳ медорад. 2) Аэратсияи об, ба таври сунъӣ сероксиген гардондани об. Баҳри беҳтар намудани сифати оби нӯшиданӣ (дар иншооти софкории обрасонҳо), фа­роҳам овардани шароити мусоид барои микроорга­низм­ҳои муфид (дар иншооти софкории биологии гандаобҳо), пешгирии ҳалокати моҳиҳо дар фасли зимистон (дар хоҷагиҳои моҳидор), нобуд кардани обсабзҳои кабуду сабз (дар тунукобаҳо), аз таҳшиниҳо тоза намудани қубурҳо ва ғ. ба ҷо оварда мешавад. 3) Аэратсияи хок, мубодилаи ҳавои таркиби хок (асосан оксиген ва гази карбонат) бо ҳавои атмосфера, ки барои сабзишу инкишофи рустани­ҳо зарур аст. Самараи аэратсияи хок ба фаъолияти биологӣ ва таркиби он, мавҷудияти ҳаво ва ғ. вобаста аст. Бо мақсади беҳтар кардани аэратсияи хок заҳбурҳои ҳаворас мекананд. Аэратсия ба хосияти хок таъсири муфид мерасонад. Ҳангоми суст шудани мубодилаи газҳо миқдори оксигени таркиби ҳавои хок кам гашта, раванд­ҳои аэробӣ ба анаэробӣ табдил меёбанд. Дар сурати аз ҳаҷми хок 10–15% кам шудани ҳаво коэф. диффузияи газҳои он ба сифр мерасад, мубодилаи газҳои хоку атмосфера қатъ гардида, нафасгирии решаи рустанӣ халал меёбад, ҷараёни обу моддаҳои ғизоиро ҷабидани он якбора суст мешавад. Хушк кардани замин аэратсияи хокро беҳтар мегардонад. Сатҳи обҳои зеризаминӣ, ки барои Аэратсияи шудгор шароити мусоид фароҳам меоварад, дар мавсими боронгарӣ бояд 0,5–0,7 м (торфхокҳо), 0,5–0,6 м (хоки регомез), 0,7–0,9 м (регхок) ва 1–1,2 м (гилхок) бошад. Дар мавриди зарурӣ аэратсияи хокро бо роҳи ба зери он фиристодани ҳаво низ беҳтар кардан мумкин аст.