Аэродинамика
Аэродинамика (аз аэро ва юнонии dynamis – қувва), фасли аэромеханика; илмест дар бораи қонунҳои ҳаракати ҳаво (муҳити газмонанд), ҳаракати ҷисмҳо дар он ва инчунин ба вуҷуд омадани ҳодиса, қувва ва гаштовари қувваҳое, ки ба ҷисми дар ҳаво ҳаракаткунанда таъсир мекунанд. Аэродинамика заминаи назариявии авиатсия, метеорология ва асоси ҳисобкуниҳои аэродинамикии тайёраҳо ва дигар дастгоҳҳои парандаи муосир мебошад. Муайян намудани қувваи болобардор, қувваи муқовимат, гаштовари қувваҳо, тақсимоти фишор ва самти ҷараёнҳо, ки бар сатҳи ҷисми дар ҳаво ҳаракаткунанда (ё ҷисми дар сели ҳаво ҷойгиршуда) пайдо мешаванд, инчунин ҳосил кардани тавсифоти аэродинамикии дастгоҳҳои парандаи гуногун вазифаи муҳимми аэродинамика ба шумор меравад. Бо тақозои ҳавопаймоӣ (авиатсия) аэродинамика ҳамчун илми мустақил дар ибтидои садаи XX ташаккул ёфт. Асосгузорони аэродинамикаи муосир олимони рус Н. Е. Жуковский ва С. А. Чаплигин мебошанд. Дар назария ва амалияи А. инчунин олимон Ф. Ланчестер ва Г. Глагуэрт (Англия), Л. Прандтл (Олмон), Х. Драйден ва Т. Карман (ИМА), Ж. Эйфел (Фаронса) ва дигарон саҳми бузург гузоштаанд. Маъмулан, аэродинамикаро ба се қисм: назариявӣ, таҷрибавӣ ва амалӣ ҷудо мекунанд. Аэродинамикаи назариявӣ қонунияти ҳаракати муҳити газмонанд ва қувваи таъсироти онро ба ҷисм бо усули таҳлили риёзӣ меомӯзад. Дар ин маврид фарз карда мешавад, ки гӯё ҳаво ғилзат (қобилияти соишхӯрӣ) надорад, яъне ҳаво чун гази идеалӣ пиндошта мешавад. Аз ин сабаб лозим меояд, ки натиҷа ва хулосаҳои назариявӣ дар асоси таҷрибаҳои дар шароити ҳақиқӣ (дар ҳавои ҳақиқии ғилзатнок) анҷом дода ислоҳ ва пурра карда шаванд. Намунаи барҷастатарини таҳқиқотҳо доир ба аэродинамикаи назариявӣ асарҳои Н. Е. Жуковский «Оид ба назарияи париш» (1891), «Дар бораи парвози парандаҳо» (1892), «Дар бораи гирдбодҳои пайваста» (1907) ва ғ.-ҳо мебошанд, ки дар онҳо назарияи пайдоиши қувваи болобардори болҳо (қанотҳо), миқдоран муайян намудани бузургии он қувва (Теоремаи Н. Е. Жуковский, 1904), аз ҷиҳати назария имконпазир будани шакли халабони (пилотаж)-и олӣ – «ҳалқаи марговар» (бори аввал ҳавонаварди рус П. Н. Нестеров соли. 1913 иҷро кардааст) ва дигар масъалаҳои умумии аэродинамика асоси илмӣ ёфтаанд. Аэродинамикаи назариявӣ дар асоси таҳлили қонунияти ҷараёни ҳаво назарияи шабоҳат ва моделониро ба вуҷуд овард. Ин имкон медиҳад, ки қувваҳои ба дастгоҳи паранда таъсиркунанда бо роҳи санҷиши моделҳои андозаашон хурди он дастгоҳ муайян карда шаванд. Назарияи моделонӣ шарту шароитеро, ки дар модел (тамсила) санҷида мешавад, муайян мекунад ва аз ин рӯ, асоси назариявии аэродинамикаи таҷрибавӣ мебошад. Аэродинамикаи таҷрибавӣ ҳаракати ҳаво ва таъсири қувваҳои ба ҷисми дар ҳаво ҳаракаткунандаро (масалан, дастгоҳҳои паранда, қисмҳои дастгоҳи паранда, ракетаҳо, ё ки моделҳои онҳо ва ғ-ро) бо роҳи дар лӯлаҳои (трубаҳои) аэродинамикӣ таҷриба кардан ё онҳоро бевосита дар парвоз санҷидан меомӯзад. Муайян кардани бузургӣ ва миқдори қувваҳои аэродинамикие, ки ба ҷисм таъсир мекунанд, яке аз вазифаҳои асосии аэродинамикаи таҷрибавӣ мебошад. Вай натиҷа ва хулосаҳои аэродинамикаи назариявиро дар асоси таҷрибаҳо пурра месозад. Аэродинамикаи амалӣ қонунҳои аэродинамикиро дар амалия, яъне дар сохтани тайёраҳо ва диг. дастгоҳҳои гуногуни парвозкунанда ва инчунин дастгоҳҳое, ки дар асоси қувваи ҳаво кор мекунанд (масалан, муҳаррикҳои бодӣ ва ғайра) татбиқ мекунад. Қисми махсуси аэродинамикаи амалӣ – аэродинамикаи тайёра масъалаҳои парвози тайёра, усули ҳисобкунии аэродинамикии тайёра, қисмҳои он (болҳо, дунбол, флюзеляж ва ғайра), винти ҳавоӣ, динамикаи парвоз (муайян кардани қувва ва гаштовари қувваҳои ба тайёра ва қисмҳои он таъсиркунанда, ҳисоб кардани устуворӣ ва мувозинати тайёра) ва ғ-ро меомӯзад. Вобаста ба андозаи суръат ва баландии парвоз аэродинамикаро ба суръатҳои хурд (суръатҳои аз суръати садо пасттар, тақрибан то 1200 км/соат), аэродинамикаи суръатҳои калон (динамикаи газ), аэродинамикаи баландиҳои бузург (супераэродинамика) ҷудо мекунанд. Бо зиёд шудани суръат ва ба суръати садо наз-дик шудани он лозим меояд, ки ба тавсифоти аэродинамикии ҷисм таъсири бузурги хосияти фишурдашавандагии ҳаво ба назар гирифта шавад. Ҳангоми бо суръати зиёд (аз суръати садо баланд) дар ҳаво ҳаракат кардани ҷисм (масалан, тайёраҳои фавқуссадо, ракета ва дастгоҳҳои кайҳонӣ ва ғайра) бар сатҳи он мавҷҳои зарбатӣ таъсир мекунанд, дар натиҷа муқовимати аэродинамикӣ меафзояд, ҷисм метафсад. Маҷмӯи масъалаҳои аэродинамикиеро, ки ба суръатҳои калони ҳаракати ҷисмҳо тааллуқ дорад, аэродинамикаи суръатҳои калон ё динамикаи газ меомӯзад. Аэродинамикаи газҳои зичиашон ниҳоят тунук, ки дави озоди молекулаҳои он ба андозаи ҷисми дар онҳо ҳаракаткунанда наздик аст, аэродинамикаи баландиҳои бузург ё супераэродинамика номида мешавад. Дар атмосфера чунин шароит дар баландиҳои 100 км ва зиёда аз он дучор мешавад. Соҳаи васеи аэродинамикаи ғайриавиатсионӣ, ки назария ва амалияи муҳаррикҳои бодӣ, бодбезакҳо, эжекторҳо, техникаи вентилятсионӣ ва ғ-ро дар бар мегирад, аэродинамикаи саноатӣ ном дорад. Беҳтарин сифат ва тавсифоти аэродинамикии дастгоҳҳои парандаи ҳавонавардӣ, кайҳонӣ ва ғ-ҳо ба ривоҷу равнақи илми аэродинамика дар давраи ҶБВ (1941–45) ва минбаъд зич вобаста аст. Дар ин давраҳо ба тараққиёти аэродинамика олимони шӯравӣ А. А. Дороднитси, М. В. Келдиш, С. А. Христианович, Б. Н. Юрев ва дигарон саҳми бузург гузоштанд. / А. Ҳоҷиев.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Фабрикант Н. Я. Аэродинамика. Общий курс. Москва, 1964;
- Краснов Н. Ф. Аэродинамика. Учебник. Москва, 1971.