Аэродром

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


АЭРОДРÓМ (аз аэро … ва юнонии dromos – дав, ҷойи давидан), минтақаи махсус тайёршудаи замин бо фазои ҳавоӣ ва маҷмӯи иншооту таҷҳизот, ки барои парвозу фурудоӣ, ҷойгиркунӣ ва нигоҳубини тайёраҳо таъйин шудааст. Аэродром ҳарбӣ ва мулкӣ (гражданӣ), доимӣ ва муваққатӣ мешавад. Мувофиқи таъйиноташон аэродинамикаҳои нақлиётӣ, заводӣ, таълимӣ, варзишӣ, муштарак ва ғ. мавҷуданд. Аэродромҳои нақлиётӣ ҳамчун фурӯдгоҳҳо таҷҳизонида мешаванд. Аэродромҳои ҳарбиро аз рӯйи дараҷаи таҷҳиз ва хусусияти истифода ба асосӣ, эҳтиётӣ, қалбакӣ ва аз рӯйи таъйинот ба ҳарбӣ, таълимӣ, парвозӣ ва махсус ҷудо мекунанд. Аэродром аз ду қисми асосӣ – минтақаи парвоз ва фазои ҳавоӣ иборат аст. Ба минтақаи парвоз хатти парвоз, минтақаҳои бехатари паҳлуӣ ва охирин хатҳои фурӯд дохил мешаванд. Аксари аэродромҳои бузург дорои то шаш хатти парвоз мебошанд. Вобаста ба масоҳат, мустаҳкамии хатти парвоз ва навъи тайёраҳо аэродромҳоро ба синфҳои гуногун ҷудо мекунанд. Дарозии хатти парвози аэродром аз 1000 то 3000 м ва бараш аз 200 то 360 м мешавад. Фазои ҳавоӣ барои таъмини амнияти парвозу фурӯдоии тайёраҳо хидмат мекунад. Барои таъмини дуруст фурудоии тайёраҳо радиоминоҳо, нишонаҳои равшанидиҳандаи самтиро истифода мебаранд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]