Jump to content

Аэропоника

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


АЭРОПÓНИКА (аз аэро... ва ponos – кор), усули бе хок сабзондани рустанӣ. Ҳангоми аэропоника решаи рустанӣ дар ҳаво озод истода, ба он баъди ҳар 10–20 дақиқа ба воситаи асбоби махсус (фарсунка) моддаҳои ғизоӣ пошида мешавад. Усули аэропоникаро соли 1910 олими рус В. М. Арсиховский бо мақсади таҳқиқот пешниҳод карда буд. Баъдтар аэрономияро дар сабзавоткорӣ ва гулпарварӣ татбиқ намуданд. Бо усули аэропоника зироати бехмеваро низ мепарваранд. Афзалияти чунин усули парвариши рустанӣ дар он аст, ки маҳлули ғизоӣ нисбатан кам сарф мешавад, ба истифодаи хоку peг, асбобу анҷом ва таҷҳизоти дигар зарурат намемонад. Аэропоникаро дар боғдорӣ барои парвариши қаламчаву ниҳолҳо кор фармудан мумкин аст (бо ин мақсад пажӯҳиш анҷом дода мешавад). Феълан аэропоника дар истеҳсолот мавриди истифода қарор надорад.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]