Jump to content

Аэростат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


АЭРОСТÁТ(аз аэро… ва лот. statos – сокин, беҳаракат), кураи парандаи аз ҳаво сабуктар. Қувваи болобардори аэростатро гази зичиаш аз зичии ҳаво хурд (ҳелий, ҳид­роген), ки кураи аэростат бо он пур карда мешавад, ба вуҷуд меоварад. Аэростат идорашаванда (ди­рижабл), озод (барои парвоз бо экипаж ё бе он ба самти ҷараёни ҳаво) ва илҳоқӣ (барои мушоҳида, садди ҳа­воӣ ва ғайра) мешавад. Аэростатҳои идорашаванда муҳаррику винт­­ҳои ҳавоӣ доранд. Аз рӯйи навъи пуркунандаи кура аэростатҳо се намуд мешаванд: газӣ (шарлйерҳо), гармоӣ (монголфйерҳо) ва муштарак (розӣерҳо). Барои пур кардани аэростати газӣ пештар ҳидроген ва гази чароғҳои афрӯзишро истифода мебурданд. Вале ин газҳо оташангез буда, омех­таи онҳо хавфи ба вуҷуд овардани таркишро доранд. Бинобар ин ҳоло бештар гази инертии ҳелийро истифода ме­баранд. Кам­буди асосии ин газ баланд будани арзиши он аст. Аэростати дар стратосфера парвозкунандаро стратостат меноманд. Аэростат бо мақсадҳои таҳқиқоти илмӣ (радиозонд), ташкили шабакаҳои мушоҳидакунӣ, алоқа, обуҳавосанҷӣ ва ҳарбию варзишӣ истифода мегардад. Дар давраи ҶБВ аэростат барои муҳофизати шаҳрҳо, минтақаҳои саноатӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва дигар объектҳои муҳим васеъ истифода мешуд. Тайёраҳои душман ба аэростат ва симҳои он, ки маводди тарканда баста шуда буданд, бархӯрда метаркиданд ва маҷбур мешуданд, ки баландтар парвоз кунанд. Ин ҳолат ба ҳадафҳои асосӣ партофтани бомба ва паст шудани тайёраро душвор мегардонд.