Аэрочана
АЭРОЧАНÁ, чанаи худгарде, ки барои ҳаракат аз рӯйи барф ва ях пешбинӣ шудааст. Аэрочанаро муҳаррики ба тавассути винти (пропеллер) ҳавоӣ коркунанда, ки онро муҳаррики дарунсӯз ба кор меандозад, ба ҳаракат медарорад. Суръати аэрочана вобаста ба иқтидори муҳаррик аз 25 то 140 км/соат мешавад. Шассии аэрочана аз 3 ё 4 лижа иборат мебошад. Ду навъи аэрочана маъмул аст: ҷангӣ ва боркашон. Аэрочана бори аввал соли 1903 дар Россия сохта шудааст. Аэрочана дар Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, дар Ҷанги зидди финҳо (1939–40) ва ҶБВ (1941–45) чун воситаи ҷангӣ барои кашондани аслиҳа, ғизо, таъмин намудани алоқа, кашондани маҷруҳон истифода шудааст. Дави солонаи аэрочана аз 12 то 15 ҳазор км-ро ташкил медиҳад. Дар мавсими тобистон аэрочана бо шиноваракҳо ҷиҳозонида мешавад, ки барои истифодаи он дар дарёҳо чун киштии босуръат имкон медиҳад.
Аэрочанаро дар кишварҳои зимистонашон хеле сард (ҳатто аз – 40°С пасттар) то солҳои 80 садаи XX бисёр истифода мебурданд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.