Jump to content

Аэрошифоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

[[Гурӯҳ::ru:Википедия:Статьи с малым количеством внутренних ссылок]]


АЭРОШИФОӢ (аз аэро… ва шифо – даво), яке аз усулҳои пешгирию табобати бемориҳо бо истифода аз ҳавои тоза. Моҳияти аэрошифоӣ аз дуру дароз истодан дар ҳавои кушод иборат аст. Ҳаво ретсепторҳои пӯст ва нӯги асаби луобпардаҳоро хунук карда, бо ҳамин ҳассосиятро зиёд менамояд, организмро обутоб медиҳад. Аэрошифоӣ барои пӯст низ муфид аст. Дар натиҷаи дар организм зиёд шудани миқдори оксиген хун серғизо гашта, нафасгирии пӯст беҳтар мешавад. Сайругашт дар ҳавои тоза ба вазъи рӯҳию равонии одам низ таъсири мусбат мерасонад. Аэрошифоӣ барои одамони гирифтори бемориҳои дил, шуш, меъда, пӯст муфид аст. Аэрошифоӣ дар мавриди бемориҳои шадиди роҳи нафас (ОРЗ), нақси шушу дил (дараҷаи III), хурӯҷи бемориҳои музмин ҷоиз нест.