Аёният

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аёният — дар таълим, истифодаи воситаҳои аёнӣ, ки ба инкишофи тафаккури хонандагон ёрӣ мерасонад. Аёниятро педагоги чех Я. А. Коменский (1592-1670) пешниҳод кардааст. Педагоги рус К. Д. Ушинский таълимеро, ки на дар тасаввуроти абстрактӣ, балки дар образҳои мушаххаси ашё ифода ётфааст, таълими аёнӣ меномад. Дар ҳамаи мактабҳои Тоҷикистон хусусан барои хонандагони хурдсол, ки захираи дониши онҳо дар бораи оламу гирду атроф кам аст, дар таълим воситаҳои аёнӣ истифода карда мешаванд. Якчанд намуди аёният вуҷуд дорад; Аёнияти образнок ё хотиравӣ, аёнияти шайъӣ (экскурсия, дарс бо нишон додани рустанӣ ва ҳайвонот), аёнияти тасвирӣ (суратҳо, моделҳо ва ғайраҳо).