Jump to content

Ақаллият

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ақаллият (вазъи ҳуқуқӣ - конститутсионӣ) - гурӯҳи шахсоне, ки дар марзи давлат ҷойгир буда, бо хусусиятҳои этникӣ, забонӣ, динӣ ва ғайра аз тамоми аҳолӣ фарқ карда, нисбат ба онҳо камшуморанд. Акаллият нисбат ба аксарият хусусияти хоси худро барои нигоҳ доштан кӯшиш мекунад.Мавҷуд будани ақаллият масъалаи ҳимояи онҳо, кафолати ҳуқуқу озодӣ ва худидораи онҳоро тақозо мекунад. Хусусияти хос ва манфиати ақаллият одатан ба воситаи мухторият додан ҳалли худро меёбад. Падидаи ақаллият ҳам аҳамияти байналхалқӣ ва ҳам аҳамияти ҳуқуқию конститутсионӣ дорад. Дар чандин санадҳои байналхалқӣ ҳимояи манфиатҳои ақаллият тавсия шудааст. Дар Муоҳидаи байналхалқӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966) муқаррар карда шудааст, ки дар он мамлакатҳое, ки ақаллияти этникӣ, динӣ ва забонӣ мавҷуд аст, ба шахсони ба ин ақаллият тааллуқдошта, барои якҷоя истифода бурдани фарҳанг, эътиқод ба дини худ ва иҷрои расму оинҳо, инчунин барои истифодаи забони модарӣ набояд монеа гузошта шавад (м 27). Дар қонунгузории миллӣ хусусияти этникии кишвар бо роҳи конститутсионӣ ва қонунҳо кафолат дода мешавад. Дар онҳо баробарҳуқуқии ақаллият бо аксарият ва кафолатҳои иловагии таъмини ҳуқуқҳои этникӣ, динӣ ва забонии ақаллият муқаррар карда мешавад.[1].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.34-35