Ақибгоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ақибгоҳ — ба маънои васеъ тамоми ҳудуди мамлакати ҷангкунанда бо аҳолӣ ва захираҳои иқтисодии он, ғайр аз минтақаи амалиётҳои ҳарбӣ; ба маънои маҳдуд маҷмӯи қувваю воситаҳои таъмини қӯшун, флот ва амалиёти онҳо, ки дар ҳудуди ҷабҳаҳо, артишҳо, иттиҳодияҳо ва қисмҳо ташкил карда мешаванд. Вазифаҳои умумии ақибгоҳи артиши амалкунанда: таъмини моддӣ ва техникии қӯшун, тахлия (эвакуатсия) ва табобати маҷрӯҳону беморон, баровардани ашёи ҳарбии нолозим ва ғайра ақибгоҳи артиши амалкунанда дар қӯшунҳои хушкигард ҷабҳавӣ, артишӣ ва қӯшунӣ мешаванд, ки ҷузъи ҷудошавандаи ҷабҳа, артиш, дивизия ва полкҳо мебошанд. Ақибгоҳи ҷабҳавӣ ва ақибгоҳи артиширо инчунин ақибгоҳи фаврӣ ва ақибгоҳи иттиҳодияҳои қӯшунӣ ва қисмҳоро ақибгоҳи қӯшунӣ меноманд. Мустаҳкам гардидани ақибгоҳ ба иқтидори иқтисодӣ ва матонати маънавии мамлакат вобаста аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]