Аҳдномаи Бангкок
Аҳдномáи Бангкóк — аҳднома дар бораи минтақаи холӣ аз аслиҳаи ҳастаӣ эълон кардани Осиёи Ҷанубу Шарқӣ.
Аҳдномаи бангкок 15 декабри 1995 баста шуда, 28 марти 1997 ба шакли қонунӣ даромад ва фаъолияташ доимист. Ҳоло ба Аҳдномаи бангкок даҳ давлат дохиланд: Бруней-Доруссалом, Камбоҷа, Индонезия, Лаос, Малайзия, Мянма, Филиппин, Сингапур, Таиланд ва Вйетнам. Дар Аҳдномаи бангкок Комиссия оид ба минтақаи холӣ аз аслиҳаи ҳастаӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Кумитаи иҷроия созмон дода шудааст. Уҳдадориҳои аъзои Аҳдномаи бангкок монанди уҳдадориҳои аҳдномаи минтақаи холӣ аз аслиҳаи ҳастаӣ аст, аз он ҷумла манъи гӯр кардани партовҳои ҳастаӣ дар баҳр ва ба роҳ мондани ҳама гуна таркишҳои ҳастаӣ. Назорати иҷрои Аҳдномаи бангкок бо роҳи пешниҳоди ҳисобот, инчунин аз ҷониби нозирони МАГАТЭ амалӣ мегардад. Иҷозати ҳаракати киштиҳо ва ҳавопаймоҳои хориҷие, ки барандаи зарядҳои ҳастаиянд, ба зиммаи аъзои Аҳдномаи бангкок вогузошта шудааст. Аҳднома барои қабули Хитой, Фаронса, Россия, Британияи Кабир ва ИМА озод аст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зоны, свободные от ядерного оружия. Алматы, 1997;
- Ядерное нераспространение. М., 2002;
- Ахтамзян И. А.. Ядерный фактор в Центральной Азии. М., 2003.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.