Аҳдномаи Гандумак
{{{название}}} | |
---|---|
«Аҳдномáи Гандумáк», «Муоҳидаи Гандумак» — аҳдномае, ки пас аз ҷанги тӯлонӣ 26 майи 1879 байни ҳукуматдорони Англия ва Афғонистон баста шуд. Шоҳи Афғонистон Муҳаммад Яъқубхон ба он имзо гузошт.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Тибқи «Аҳдномаи Гандумак» барои ҳамаи онҳое, ки замони ҷанги афғонҳо ва англисҳо аз сиёсати Британияи Кабир ҷонибдорӣ кардаанд, афви умум эълон шуд. Вале аслан он дар маҷмӯъ дахолати Англияро дар умури дохилаи Афғонистон тақвият бахшид, аз ҷумла руфтуомади қабоили марзӣ байни Афғонистон ва Ҳинд бо иҷозати Англия сурат гирифта, дар Кобул дастаи низомии англис мустақар шуд, рафтуомади шаҳрвандони англис ба Афғонистон одӣ гардида, давлати афғонҳо вазифадор буд барои тоҷирони англис шароити зарурӣ муҳайё намояд. Дар Кобул телеграф бунёд ёфт, намояндагии Афғонистон назди Ноиби салтанати Англия дар Ҳинд боз шуд. Афғонистон ҳаққи иртиботро мустақиман бо давлатҳои дуру наздик надошт ва фақат бо маслиҳат ва таъйиди Ноиби салтанати Англия дар Ҳинд бо мамолики хориҷ робитаи дипломатӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ барқарор карда метавонист. «Аҳдномаи Гандумак» норозигии ҷомеаи Афғонистонро афзуд ва муборизаи озодихоҳӣ вусъати тоза гирифт, байни мардум чун «муоҳидаи нангин» машҳур шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Халфин А. А. Провал британской агрессии (XIX в — нач. XX). М., 1959;
- Массон В. М., Ромодин В. А. История Афганистана. Т. 1-2. М., 1964-65;
- Бабахаджаев М. А. Борьба Афганистана за независимость. М., 1960.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳдномаи Гандумак // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.