Аҳмади Ёрхон
Зоҳир
форсӣ: احمد يارخان | |
Зодгоҳ: | Лоҳур |
Навъи фаъолият: | хаттот, хушнавис, шоир |
Аҳмади Ёрхон (форсӣ: احمد يارخان, ?, Хушоби Лоҳур – 1734, ҳамон ҷо) — хаттот, хушнавис ва шоир.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарзанди Аллоҳёрхон, ҳокими Лоҳур, Тата ва Мултон. Аҳмади Ёрхон марди фозил буд, ҳунари шоирӣ дошт ва дар шеър «Якто» тахаллус мекард. Аз маснавиҳои вай «Гулдастаи ҳусн» ва «Шаҳрошӯб» то ба мо расидааст. Дар ҳунари наққошӣ даст дошт ва ҳамаи хатҳоро хуш менавишт. Ба қавли Ғуломалии Озод Аҳмади Ёрхон бо аллома Мирабдулҷалили Балгиромӣ суҳбати муътақидона дошта, нусхаи Қуръонро ба хатти худ китобат карда, ба ӯ туҳфа кардааст, ки мавҷуд аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳмади Ёрхон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.