Jump to content

Аҳмади Боғишамолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Боғишамолӣ

Аҳмади Боғишамолӣ (форсӣ: احمد باغ شمالی[1]; ? — қарни XV) — рассом, хаттот ва наққоши форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмади Боғишамолӣ пайрави услуби Абдулҳай буд. Асарҳои минётуравии ӯ то замони мо нарасидаанд. Дар охири маснавии «Силсилату-з-заҳаб»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ду расми кашидаи Аҳмади Боғишамолӣ оварда шудааст. Ин дастнавис дар Китобхонаи ба номи Салтиков-Шедрини шаҳри Санкт-Петербург маҳфуз аст. Аҳмади Боғишамолӣ Қасри Боғишамол ва дигар биноҳои муҳташами Самарқандро оро додааст.

  1. احمد باغ شمالی. rasekhoon.net. 17 апрели 2024 санҷида шуд.