Аҳмади Оташ
Аҳмади Оташ (1917−1966) — шарқшинос ва матншиноси турк.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишкадаи адабиёти Истанбул дар риштаи адабиёт ва забони туркӣ. Дар шаҳри Қунияи Туркия бо забоншиноси тоҷик Шавкат Ниёзӣ (1905−62) дар як мактаб хондааст. Забонҳои арабию форсиро бо тариқи худомӯзӣ аз худ кард. Аҳмади Оташ устоди Донишгоҳи Истанбул шуд ва ҳамроҳи ховаршиноси олмонӣ Ҳелмут Риттер (1892−1971), ки устоди роҳнамои Аҳмади Оташ буд, барои густариши таълими забону адабиёти арабӣ ва форсӣ дар мактабҳои Туркия талош мекард. Аҳмади Оташ пажӯҳишгари пуркор буд. Матни осори насру адабиётшиносӣ ва таърихии форс-тоҷик «Синдбоднома»-и Муҳаммад ибни Алии Заҳирии Самарқандӣ, бо «Синдбоднома»-и тозӣ (Истанбул, 1948), «Тарҷумон-ул-балоға»-и Муҳаммад ибни Умари Родуёнӣ (Истанбул, 1949), «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ (дар ду ҷилд, Анқара 1959-60), «Рисола фӣ моҳият-ил-ишқ»-и Ибни Сино (Истанбул, 1957) ва ғайраро таҳия карда, ба табъ расондааст. Ба забони туркӣ «Эҳё-ул-улум»-и Форобӣ, «Роҳат-ус-судур»-и Ровандиро тарҷума кардааст. Муаллифи 21 мақолаи бунёдӣ дар бораи осори адабию таърихии форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ, дастнависҳои дар китобхонаи Туркия маҳфуз ва 40 мақола барои «Энсиклопедияи ислом»-и туркӣ мебошад. Дар анҷуманҳо (конгрессҳову конференсияҳо)-и байналмилалии шарқшиносон ширкат ва суханронӣ кардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- دائرة المعارف بزرگ اسلامی. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.