Jump to content

Аҳмади Румӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Румӣ
Таърихи таваллуд: 1276
Навъи фаъолият: ориф, шоир, нависанда

Аҳмади Румӣ (форсӣ: احمد رومی‎; зод. 1276) — ориф, шоир ва нависандаи форсизабон[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз нисбааш бармеояд, ки дар Рум (ҳозор Туркия) зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз муридони Ҷалолуддини Румӣ. «Дақоиқу-л-ҳақоиқ» ном асари тасаввуфӣ таълиф кардааст (1320), ки аз 80 фасл иборат аст. Ҳар фасл бо ҳадисе ва шарҳи он шурӯъ мешавад. Дар ин фаслҳо масъалаҳои ирфон, тасаввуф, шариату тариқат, сайру сулук ва ахлоқ матраҳ гардидаанд. Барои тақвияти фикр аз «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, осори шоирони дигар пораҳои шеър оварда шудаанд. Асари Аҳмади Румӣ барои омӯзиши таърихи тасаввуф аҳаммият дорад. Як нусхаи дастнависи он дар Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шумораи 2331/1 маҳфуз аст[2].

  1. احمد رومی | دائرةالمعارف بزرگ اسلامی | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 4 апрели 2024 санҷида шуд.
  2. Аҳмади Румӣ / А. Афсаҳзод // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.