Аҳмади Румӣ (хаттот)
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 1360 |
---|---|
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Аҳмади Румӣ (форсӣ: احمد رومی; зод. 1360) — хаттоти форс-тоҷик ва аз устодони номдори хушнависӣ[1].
Қариб тамоми умр дар Ҳирот зистааст. Бино ба маълумоти Қозӣ Аҳмад («Гулистони ҳунар») Аҳмади Румӣ дар ҳунари хушнависӣ нодири замон ва муъҷизаи даврон буда, дар навиштани анвои хатти арабӣ, бахусус хатти муҳаққақ, райҳон, насх, риқоӣ ва тавқӣ маҳорати баланд доштааст. Аҳмади Румӣ ба шогирдон, аз ҷумла фарзандаш Мавлоно Ҷамшед низ ҳунари хаттотиро омӯзондааст. Мутаассифона, аз осори хаттотии Аҳмади Румӣ то замони мо чизе маълум нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ احمد رومی | دائرةالمعارف بزرگ اسلامی | مرکز دائرةالمعارف بزرگ اسلامی. www.cgie.org.ir. 4 апрели 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳмади Румӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Кази Ахмед. Трактат о калиграфах и художниках. М.-Л., 1947;
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988