Аҳмади Ғижакӣ
Аҳмади Ғижакӣ (форсӣ: أحمد غژکی), Устод Саидаҳмад, маъруф ба Ғижакӣ (қарни XV, Бухоро — 1514, Ҳирот) — навозанда ва хонандаи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъди камолот ба Ҳирот рафта, дар дарбори Ҳусайни Бойқаро (ҳукмронӣ 1469—1506) хидмат кардааст. Дар навохтани ғижак ихтирооти тоза намуда, коса ва дастаи онро такмил додааст, ки дар натиҷа имконоти садодиҳиаш афзудааст. Сабки навозандагӣ ва ҳофизии Аҳмади Ғижакӣ дар Ҳирот ҳаводорони зиёде пайдо карда, аксари навозандагон равияи ӯро тақлид менамуданд. Инчунин Аҳмади Ғижакӣ барои ғижак дастури таълимӣ мураттаб сохта, барои созҳои тории камонӣ асарҳо эҷод намудааст, ки дар барномаҳои аҳли ҳунари Ҳирот ва Бухоро маъмул буданд. Дар Нақорахонаи Ҳирот сарварии гурӯҳи навозандагони созҳои тории камониро ба уҳда дошт ва худаш барномаи хоссае барои онҳо мураттаб сохта буд. Вай бо ҳофизу навозандагони номии даврааш Устод Кеҳситии Нойӣ, Устод Қулмуҳаммади Удӣ, Устод Алии Хонақоҳӣ ва дигар дар як саф ҳунарнамоӣ кардааст. Аҳмади Ғижакӣ чандин оҳанг ба мақомҳои «Ироқ», «Исфаҳон», «Бӯсалик», «Наво» ва «Ҳусайнӣ» тасниф намудааст. Табъи хуби шоирӣ низ дошта, ғазалу рубоиро некӯ мегуфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҳмади Ғижакӣ / А. Раҷабов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Раҷабов А. Мусиқии тоҷикон ва анъанҳои таърихии он дар садаҳои XVI—XVII. Д., 2007