Jump to content

Аҳмади Қазвинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Қазвинӣ
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон

Аҳмади Қазвинӣ (أحمد قزوینی 1471, Қазвин – 1545, ҳамон ҷо) — сароянда ва мусиқидони машҳури давраи Сафавиён. Асосҳои шеър ва мусиқиро дар зодгоҳаш фаро гирифта, аз устодони созу овоз ҳунар андӯхтааст. Аҳмади Қазвинӣ муддати зиёд дар дарбори шоҳони сафавӣ – шоҳ Таҳмосб ва шоҳ Исмоили II Сафавӣ ба сифати сароянда ва гӯяндаи расмӣ хидмат намудааст. Шоҳ Таҳмосб Аҳмади Қазвиниро дар радифи ҳунарварони аввалиндараҷаи дарбор қарор дода, ба маҳорати эҷодию ҳунарвариаш эҳтироми хосса гузоштааст. Аҳмади Қазвинӣ дар жанру шаклҳои шеърию мусиқии «нақш», «амал», «қавл», «рехта», «саҷъ» ва ғайра ҳунар озмуда, офаридаҳояш дар ҳавзаҳои ҳунарии Қазвин, Табрез, Исфаҳон, Машҳад ва Бухоро шуҳрати зиёд касб кардаанд. Бисёр устодони ин ҳавзаҳои ҳунарӣ ба таснифоташ назираҳо эҷод намудаанд. Ӯ дар санъати қиссахонӣ, равзахонӣ, навҳахонию таъзия маҳорати баланди ҳунарӣ нишон дода, соҳибсабк будааст. Таърихнависи давраи Сафавиён Искандарбеки Туркман дар иртибот ба маҳорати баланди гӯяндагии ӯ навиштааст: «Аҳмад дар шеваи гӯяндагӣ ва қудрати навозандагӣ аз амсолу Қуръон имтиёз дошт ва дар ин ҳунар тоқ ва дар печиши овоз ва намаки хонандагӣ шуҳраи офоқ буд». Ҳамчунин дар сурудани шеър, махсусан наът, марсия, маснавӣ маҳорати баланд дошта, матни аксари «рехта», «саҷъ» ва «амал»-ҳои ба имомони аҳли шиъа бахшидаашро худаш эҷод намудааст.

  • Дарвешалии Чангӣ. Туҳфат-ус-сурур. Ганҷинаи дастнавис­ҳои шарқии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон. № 148;
  • اسکندربیک ترکمن. تاریخ عالم آرای عباسی. تهران، ۱۳۳۷؛
  • حسن مهشون. تاریخ موسیقی ایران. جلد ۱. تهران، ۱۳۷۳