Jump to content

Аҳмадҷон Қурбонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмадҷон Қурбонов
Зодрӯз 10 октябр 1921(1921-10-10) ё 10 апрел 1921(1921-04-10)
Таърихи даргузашт 1945
Мансубият
Солҳои хидмат пиёданизом[d]
Қисм саргурд
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурх Order of Suvorov, 3rd class Order of Kutuzov, 3rd class Order of the Patriotic War 1st class Ордени Ситораи Сурх

Аҳмадҷон Қурбонов (10 октябри 1921, ноҳияи Ҷомбо, вилояти Самарқанд1945, Лаҳистон) — иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1945).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмадҷон Қурбонов 10 октябри соли 1921 дар маҳаллаи Шерқурғони ноҳияи Ҷомбои вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Падари ӯ Қурбон Бурҳонов иштирокчии фаъоли сохти колхозӣ буд ва соли 1929 аз дасти унсурони синфӣ ба ҳалокат расид. Баъди фавти қиблагоҳ дар деҳаи Шерқурғон подабон шуд.

Соли 1933 дар деҳаи Ғазира мактаби ҷавонони колхозӣ дари худро ба рӯи бачаҳо боз намуд. Аҳмадҷону тағояш Абдулло Беков низ ба ин дабистон дохил шуданд.

Соли 1937 ба Сталинобод омад. Дар ин ҷо курси кӯтоҳмуддати муаллимтайёркуниро ба итмом расонд. Ӯро бо роҳхат ба мактаби ҳафтсолаи деҳаи Арали ноҳияи Колхозобод (ҳозира ноҳияи Восеъ)-и вилояти Кӯлоб фиристоданд. Аҳмадҷон аз риёзиёт ва тарбияи ҷисмонӣ дарс мегуфт.

Соли 1938 ба мактаби деҳаи Арал бо роҳхати комсомолӣ ҷавондухтари рус, донишомӯхтаи Донишкадаи педагогии ба номи Некрасови шаҳри Ленинград Мария Алексеевна Смирнова ба кор омад. Аз рӯзҳои аввал Аҳмадҷон ба Мария дил бохт ва онҳо хонадор шуданд[1].

Хидмати ҳарбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тобистони соли 1940 Аҳмадҷонро ба аскарӣ даъват намуданд. Комиссариати ҳарбии ноҳия ӯро ба Омӯзишгоҳи ҳарбии Қӯшунҳои пиёдагарди шаҳри Тамбов фиристод.

  1. Умари Шерхон. Бикуш оташи хурд пеш аз газанд. jumhuriyat.tj. Нашрияи расмии Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" (2019-0-09). 9 апрели 2021 санҷида шуд.
  • Герои Советского Союза: Краткий биографический словарь / Пред. ред. коллегии И. Н. Шкадов. — М.: Воениздат, 1987. — Т. 1 /Абаев — Любичев/. — 911 с. — 100 000 экз. — ISBN отс., Рег. № в РКП 87-95382.
  • Герои огненных лет. Ярославль: Верхне-Волжское кн. изд., 1985.
  • Герои Советского Союза — узбекистанцы. Ташкент, 1984.