Саргурд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саргурд
Сардӯшии Нерӯи заминӣ Сардӯшии Нерӯи ҳавоӣ
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سرگرد
Кишвар  Тоҷикистон
Дараҷаи болотар Сарҳангёр
Дараҷаи поинтар Сарвон
Ҳамто

Саргурд (форсӣ: سرگرد‎) — дараҷае сардорӣ дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ, ниҳодҳои низомӣ ва амниятӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз сарвон ва поинтар аз сарҳангёр дорад ва баробар бо новхудо севум дар нерӯи дарёӣ аст.

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Сарвон

Саргурд
Дараҷаи болотар:
Сарҳангёр

Мақоми созмонии саргурд дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан фармондеҳи гурдон (баталион[2][3]) аст, ки он ягони тактикиест, ки аз як ситоди фармондеҳӣ ва ду ё чанд вашт ва ягонҳои хурдтар ташкил мешавад ва бахше аз ҳанг ё гунд ва ё ягоне мустақил аст[4].

Вожашиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

«Саргурд» (форсӣ: «سرگرد»‎) аз дер боз ба маънои «фармондеҳи дастае аз лашкар» ба кор меравад[5][6][7] ва аз ду вожа сохта шудааст:

сар + гурд (аз форсӣ: «گرد»‎ «паҳлавон, далер; ҷанговар»[6][7] < порсии миёна: gurd[8] < эронии бостон: vr̥ta- аз √*vr̥t- : *vart-муҳофизат кардан; поидан; муқовимат кардан[9]).

Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати [исм (сар) + сифат (гурд)] аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркиб истифода шудааст.

«Гурдон» ба маънии «сипоҳиён, лашкариён, ҷанговарон» дар «Шоҳнома» бисёр ба кор рафтааст. Чунончи, Фирдавсӣ гуфта:

Бирав бо сипоҳе ба кирдори кӯҳ,
Гузин кун зи гурдони лашкар гурӯҳ[10].

Истилоҳоти «саргурд» ва «гурдон»-ро соли 1935 Фарҳангистони забони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш ҷойгузини дараҷаи низомии «майор» (аз фр. major < лот. maior «меҳтар, сардор») ва вомвожаи «баталион» (аз фр. bataillon < итол. Battaglione «даста» < итол. Battaglia «гурӯҳ») кард[11].

Истилоҳоти «саргурд» ва «гурдон» барои ҷойгузин кардани дараҷаи низомии «майор» (русӣ аз олмонӣ: Major < фр. major < лот. maior «меҳтар, сардор») ва вомвожаи «баталион» (аз фр. bataillon < итол. Battaglione «даста» < итол. Battaglia «гурӯҳ») ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод шудаанд[12].

Пешина[вироиш | вироиши манбаъ]

Сипоҳи Сосониён
Ягонҳо Шумори нерӯҳо Фармондеҳ
radag 10 сарбоз *radagbān
tahm 100 сарбоз tahmdār
wašt 500 сарбоз wašt-sālār
drafš 1 000 сарбоз drafš-sālār
gund 5 000 сарбоз gund-sālār
spāh 10 000 сарбоз spāhbed
artēštārān artēštārān-sālār

Ягони размии баробар бо гурдон нахустин бор дар сипоҳи Сосониён (224 — 651 милодӣ) ташкил шудааст. Дар замони Сосониён сипоҳ (порсии миёна: spāh) аз чанд гунд (порсии миёна: gund)[13] ташкил мешуда, ки 5 000 сарбозро дар бар мегирифта ва фармондеҳашро гундсолор (порсии миёна: gund-sālār) мехонданд[14]. Ҳар гунде аз чанд дирафш (порсии миёна: drafš) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 1 000 сарбоз дошт. Ҳар дирафше аз ду вашт (порсии миёна: wašt) ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбоз дошт ва камобеш баробар бо гурдон дар артишҳои кунунӣ буд. Ҳар ваште аз чанд таҳм (порсии миёна: tahm)[15] созмон меёфт, ки ҳар кадоме 100 сарбоз доштанд. Ҳар таҳме аз чанд рада (порсии миёна: radag)[16] ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 10 сарбозро дар бар мегирифт. Фармондеҳи дирафш дирафшсолор (порсии миёна: drafš-sālār)[14], фармондеҳи вашт ваштсолор (порсии миёна: wašt-sālār)[14], сардори таҳм таҳмдор (порсии миёна: tahmdār)[17] ва сардори рада эҳтимолан радабон (порсии миёна: *radagbān) номида мешуд.

Фармондеҳи сипоҳ сипаҳбад (порсии миёна: spāhbed) хонда мешуд[18]. Баландпоятарин мақоми низомӣ пас аз шоҳаншоҳ дар замони Сосониён артишдорон-солор (порсии миёна: artēštārān-sālār) номида мешуд[19][20].

Саргурд ҳамакнун яке аз дараҷаҳои афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон[21] ва баробар бо майор дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст[22].

Ному нишони саргурд дар нерӯҳои мусаллаҳи бархе аз кишварҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 171; 428. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. Баталион // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
  3. Коллектив авторов. Том 1, статья «Батальон» // Военная энциклопедия / Под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 1997. — С. 383—384. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01655-0.
  4. Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. — с. 160. 11 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
  5. Билгиромӣ, Ғуломалихон Озод. Хизонаи омира. — Ҳинд (Конпур), 1871; 1900. 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 сентябри 2020.
  6. 6.0 6.1 Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.
  7. 7.0 7.1 Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. — Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. — 950 саҳ. — ISBN 978-99947-715-5-4.
  8. MacKenzie, D. N., A Concise Pahlavi Dictionary, London, etc.: Oxford University Press, 1971. — 236 pp. ISBN 0-19-713559-5. — p. 38. 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 Декабри 2012.
  9. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. ISBN 978-600-6143-57-6. ҷ. 4, с. 2361.
  10. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 2008. Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ. Муҳаррир Мубашшир Акбарзод. ҷ. 5. — 480 саҳ. — ISBN 978-99947-32-84-5.
  11. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314—1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38. 24 Январ 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 апрели 2018.
  12. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  13. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  14. 14.0 14.1 14.2 Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  15. Asha R. The Dates in the Pahlavīg and Pārsīg Inscriptions of Durā (Europos). 10 сентябри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 августи 2016.
  16. Дмитриев В.А. Военная разведка в сасанидском Иране: организация деятельности и источники информации // Вестник Нижегородского университета им. Н.И. Лобачевского. 2016. № 1. С. 9–22. Прим. 12 на стр. 18

    ... Впрочем, из среднеперсидских эпиграфических источников середины III в. н.э. (граффити в Дура-Европосе, датируемые 253 г.) известно о существовании армейских писцов (видимо, более низкого ранга, нежели dabīr-i sipāh), называвших себя dibīr-ī tahm и dibīr-ī radag [24, c. 244; 25].

  17. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 145. сн. 18

    В документе Nov 280 из архива Старой Нисы фигурируют два лица, носящие звание tgmdr («начальник тагмы»), состоящее из двух частей – греч. «τάγμα» («легион») и парф. dār («начальствующий»). Предполагается, что это звание – калька с римского военного термина в греческой передаче «τάγματάρχος» ‘начальник легиона’, появившееся в парфянском военном лексиконе как раз в связи с депортацией воинов Красса в восточные районы Парфии, где они были организованы в отряды под началом парфянских тагмадаров и, в том числе, трудились на сельскохозяйственных работах [Дьяконов, Ливщиц 1966: 148 – 152]. Кстати, слово «тагма» в пехлевийской форме tḥmy как обозначение воинского подразделения зафиксировано в надписи, оставленной сасанидскими солдатами в синагоге Дура-Европос [Луконин 1987: 266, примеч. 62].

  18. Daryaee, Touraj. Sasanian Persia: The Rise and Fall of an Empire. — ISBN 978 1 85043 898 4
  19. W. Sundermann. ARTĒŠTĀRĀN SĀLĀR, Encyclopædia Iranica. Vol. II, Fasc. 6, p. 662
  20. Дьяконов М. М. Очерк истории древнего Ирана. М., 1961. С. 291
  21. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. — 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  22. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ»