Аҳмад Сӯфиев
Сӯфиев Аҳмад (тав. 25. 10. 1948, деҳаи Зидеҳи ноҳияи Варзоб – ваф. 2. 09. 2004), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1989), дотсент (1994).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1966–1970 дар факултети физика-математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1970–1972 муаллими мактаби миёнаи зодгоҳаш, 1972–1994 ассистент ва муаллими калон, 1994–2004 дотсент ва мудири кафедраи геометрияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Оид ба методикаи истифодабарии векторҳо дар ҳалли масъалаҳои амалии дарсҳои математикаи мактаби миёнаи нопурра кори илмӣ анҷом додааст. Дар тадқиқоти худ мавқеи масъалаҳои амалиро бо маводи векторӣ дар курси геометрияи синфҳои 8-9 муайян ва онҳоро чун воситаи методии робитаи байнифаннии геометрия ва физика муқаррар намудааст. Муаллифи якчанд мақолаҳои илмию методӣ ва дастурҳои таълимию методӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии морифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Нишондодҳои методӣ барои ҳалли масъалаҳои геометрӣ бо ёрии мафҳуми зарби векторҳо (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1988;
- Созишҳои геометрӣ. (Нишондоди методӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д, 1991;
- «Ибтидо»-и Евклид ва геометрияи Лобачевский (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1992;
- Хатҳои тартиби дуюм (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1993;
- Геометрияи проективӣ (бо ҳаммуаллифӣ),Д., 1995;
- Практикуми ҳалли масъалаҳои планиметрӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1997;
- Геометрияи бисёрченака (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2003;
- Татбиқи векторҳо дар ҳалли масъалаҳои физикӣ // Мактаби советӣ, 1988, № 12.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |