Jump to content

Аҷибии Ҷузҷонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҷибии Ҷузҷонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Аҷибии Ҷузҷонӣ (форсӣ: عجیبئ جزجانی‎; охири садаи XII — ибтидои садаи XIII) — шоир, ахтаршинос, ҷуғрофиёдон, таърихнигор ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Авфии Бухороӣ («Лу­боб-ул-албоб») Аҷибии Ҷузҷонӣ аз шоирони даврони Салҷуқиён, мутааллиқ ба доираи адабии Хуросон буд. Дар анвои гуногуни шеър асарҳо меофарид. Аз намунаҳои ашъори боқимондааш бармеояд, ки шоири тавоно буд, аз илмҳои нуҷум, ҷуғрофия, таърих, ҳарб, забони арабӣ ва ғайра вуқуфи комил доштааст. Дар ашъораш аз саноеи лафзию маънавӣ моҳирона истифода кардааст. Абёти луғатсанҷ дар бораи себ:

Чист он қасри бедару равзан,
Хира з-ӯ пайкари Суҳайли Яман.
Шакли ӯ ҳамчу ҳайати гардун,
Шахси ӯ ҳамчу кавкаби равшан…