Аҷмир
Шаҳр | |
ҳиндӣ: अजमेर /ədʒmeːr/ англ. Ajmer | |
26°16′12″ с. ш. 74°25′12″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Ҳиндустон |
Иёлат | Раҷастхон |
ноҳия | Аҷмир (округ) |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Масоҳат |
|
Баландии марказ | 486 ± 1 м |
Минтақаи замонӣ | UTC+05:30[d] |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 551 360[1] тан (2011) |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | 145 |
Нишонаи почта | 305001 |
ajmer.nic.in | |
|
|
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аҷмир (англ. Ajmer, ҳиндӣ: अजमेर, урду: اجمیر) — шаҳр дар шимолу ғарби Ҳиндустон, иёлати Раҷастхон, маркази маъмурии музофоти Аҷмир.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҷмир дар доманаи қаторкӯҳҳои Аравалли ва кӯли Ана Сагар воқеъ аст. Аҳолии Аҷмир 551,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад(2011).
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Аҷмир аз тарафи ҳокимони сулолаи Чауханҳо дар садаи VII бунёд шуда, то садаи XI таҳти итоати ин сулола қарор доштааст. Султонигарии Деҳлӣ (князигарии Раҷпут) низ Аҷмирро то соли 1365 зери тасарруфи худ нигоҳ доштаст. Соли 1556 ба он Империяи Темуриёни Ҳинд таҳти роҳбарии Акбаршоҳ фармонравоӣ кардааст ва дар ин давра наҳрҳо ва қасру кӯшкҳо бунёд гаштаанд. Аз соли 1818 Аҷмир зери мустамликаи англисҳо қарор гирифт.
Замони муосир
[вироиш | вироиши манбаъ]Айни замон шаҳри Аҷмир маркази зиёратгоҳи мусулмонон буда, дар он мақбараи шайхи бузурги равияи суфия Муинуддини Чиштӣ (1143–1235) маҳфуз мондааст. Миёни мусулмонони Ҳиндустон зиёрати ҳафткаратаи ин мақбара ба ҳаҷҷи Макатуллоҳ баробар дониста мешавад. Дар Аҷмир мадфани бузургони аҳли илму дини тоҷикон низ мавҷуд аст.
Ёдгориҳои меъморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ёдгорҳои меъмории милии Аҷмир маъбади ҷайниҳо (1153, дертар масҷид шудааст), Қасри мармарини Акбаршоҳ (асри 16, ҳоло осорхона) ва Қасри Шоҳиҷаҳон (ҳоло дар ҳолати валангор) боқӣ мондаанд. Айни замон Аҷмир маркази муҳимми тиҷорат, нақлиёт ва ҳунармандии мамлакат мебошад.
Дар Аҷмир корхонаҳои саноати кашбофӣ, дорусозӣ ва собунпазӣ фаъолият мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Urban Agglomerations/Cities having population 1 lakh and above(англ.). Provisional Population Totals, Census of India 2011. 3 сентябри 2012 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.