Jump to content

Аҷобат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аҷобат (ба англ. strangeness, ба русӣ: странность) — адади квантие (S) — ки дар баробари малоҳат (С) ва зеб (b) барои ташхиси ҳадронҳо истеъмол мешавад.

Онро соли 1953 М. Гелл-Ман ва К. Нишиҷима ба миён оварданд, то бифаҳмонанд, ки чаро ҳиперонҳо ва каонҳо ном зарраҳо танҳо ҷуфт-ҷуфт ба вуҷуд меоянду тоқ-тоқ не. Аҷобат қиматҳои томи мусбат ва манфӣ ва инчунин қимати сифрӣ мегирад. Адади S барои зарраҳои аҷиб 1, 2, 3 ва барои антизарраҳо (подзарраҳо)-и онҳо −1, −2 ва −3 гирифта мешавад. Ба зарраҳои одӣ, яъне зарраҳои ғайриаҷиб — фотон, лептонҳо, пионҳо, нуклонҳо, ηо-мезон ва антизарраҳои онҳо, ки аз ҳамтаъсироти қавӣ (ҳамтаъсироти ҳадронӣ) эмин ҳастанд, қимати S=0 дода шудааст. Қиматҳои S замшаванда (аддитивӣ) мебошанд. Ҳадронҳои соҳиби аҷобати S≠0 (С=0 ва b=0)-ро ҳадронҳои аҷиб мегӯянд. Аҷобат доштани ин ё он ҳадрон, аз афташ, бо он алоқаманд аст, ки он ҳадрон дар таркиби худ як ё чанд кварки аҷиб дорад. Аҷобат дар ҳамтаъсироти суст метавонад ба қадри 1 воҳид вайрон шавад: ΔS=0, ±1, аммо дар ҳамтаъсироти қавӣ ва ҳамтаъсироти электромагнитӣ бақо дорад (яъне аҷобати зарраҳо дар аввалу охири фароянди муоянашаванда ҳамон як қимат хоҳад дошт). аҷобат ва ададҳои квантии дигари тавсифкунандаи ҳадронҳо дар шакли формулаи Гелл-Ман — Нишиҷима алоқаманд гардонда шудаанд.