Аҷоибу-л-мақдур фӣ навоиби Темур
Унсури холии Викидода |
«Аҷоибу-л-мақдур фӣ навоиби Темур» — асари таърихии Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Арабшоҳ (1392–1450), ки воқеоти таърихии замони Темурро дар бар мегирад.
Муҳтавои асар
[вироиш | вироиши манбаъ]«Аҷоибу-л-мақдур фӣ навоиби Темур» аз ҷумлаи он таърихномаҳои нодирест, ки дар замони ҳукмронии Темуриёни аввал навишта шуда, муаллифи он ба кору фаъолиятҳои ҷангии Темур аз нуқтаи назари танқидӣ муносибат кардааст. Чунин тарзи таърихнигорӣ дар асрҳои миёна хеле кам ба назар мерасад, аз ин рӯ муҳаққиқин яке аз арзишҳои «Аҷоибу-л-мақдур фӣ навоиби Темур»-ро маҳз дар ҳамин дидаанд. Аз ин рӯ, истифодаи он барои муқоиса бо дигар таърихномаҳои асримиёнагӣ бузург арзёбӣ мешавад, аз ин сабаб аст, ки ин асари Ибни Арабшоҳ дар кутуби баъдӣ бисёр истифода шуда ва муҳаққиқини замони ахир низ бо эътимоду боварӣ навиштаҳои ӯро бисёр истифода мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мирхонд. Равзату-с-сафо / Бо пешгуфтор ва таълиқоти Н. Амиршоҳӣ. Ҷ. 1. Д., 2004;
- Ибни Қурбон. Дар дуроҳаи фано ва эҳёи миллати қадим. Д., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аҷоибу-л-мақдур фӣ навоиби Темур // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.