Jump to content

А’капелла

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акапелла

Аʼкапелла, А капе́лла (итол. a cappella – ҳамсароӣ) — сарояндагии дастаҷамъии бисёровоза бе ширкати созҳои мусиқӣ.

Yale Whiffenpoofs а капелла таронаи «Bright College Years» иҷро мекунанд

Истилоҳи «Аʼкапелла» аз калимаи капелла гирифта шуда, дар охири садаи XVII ба истифода даромад. Дар ибтидо услуби муайяни мусиқии хориро ифода мекард, ки диққати асосӣ на фақат ба амиқию равшании матн, балки ба тарзи овозхонӣ ва таркибу мувофиқати умумии овозҳо равона шуда буд. Услуби аʼкапелла бисёровоза (полифонӣ) буд; бештар пардаҳои аслӣ (диотонӣ) истифода мешуданд. Ба овозҳои вокалӣ созҳои мусиқӣ низ ҳамовоз мешуданд. Ҳанӯз дар асрҳои миёна, то даме ки истилоҳи «аʼкапелла» мавқеъ ёфт, ин услуб – услуби асосии маданияти мусиқӣ гардид. Он дар давраи Эҳё дар асарҳои полифонии композиторони нидерландӣ (Жоскен Депре, Орландо Лассо) ва мактаби румӣ ба авҷи аъло расид. Аз аввали садаи XIX сар карда, ҳангоме ки услуби аʼкапелла дар санъати мусиқӣ ҷойи муайянеро ишғол намуд, созҳои мусиқӣ аз сафи ҳамовозӣ баромаданд ва истилоҳ маънои ҳозиразамонро гирифт. Дар ин услуб бойгарӣ, назокат, тароват ва зебоии овози сарояндагӣ ба таври пурра нишон дода мешавад, бинобар ин таваҷҷуҳи композиторони давраҳои гуногун ба услуби аʼкапелла бештар гардид.

Аʼкапеллаи тоҷик

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аʼкапелла дар эҷодиёти як зумра композиторони муосири тоҷик мавқеи хос дорад. «Чархофалак», «Сад доғ», «Регравон», «Кӯҳи Ҳисор», «Панди Ҳофиз»-и Х. Абдуллоев, «Рӯи гулгун», «Дар кӯҳу дар дашт», «Ман доғ»-и Ф. Одинаев, «Акрамҷон»-и М. Атоев, «Дарё, ки калон шавад», «Лолаҳо дар ёлаҳо»-и Т. Сатторов, «Базми наврӯзӣ», «Гуларӯсак»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, «Соқиномаи рок», «Суруди меҳнат»-и Ҷ. Охунов, «Барқи зафар»-и Ф. Баҳор, «Суруди дӯстӣ»-и Ш. Пӯлодӣ ва ғайра ба тарзи аʼкапелла таҳия шудаанд. Хормейстери соҳибистеъдоди тоҷик К. Ҳалимов зиёда аз 40 суруди хориро ба тарзи аʼкапелла таҳия кардааст, ки қариб 20-тои онҳо дар иҷрои ансабли «Шарора»-и ДДСТ ба номи Мирзо Турсунзода садо дода, дар хазинаи мусиқии радиои тоҷик маҳфузанд.