А-
Зоҳир
А... (AН… пеш аз садонокҳо) — пешвандест, ки ба решаи калима ҳамроҳ карда мешавад ва ба ин васила калима маънои инкорӣ мегирад. Ин пешванд мансуб ба забонҳои ҳиндуаврупоӣ аст ва аз рӯи вазифа ба пешвандҳои калимасози на-, но-, бе- баробар мебошад.
Забонҳои эронӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Калимаҳои зиёде дар забонҳои эронӣ – авестоӣ, форсии қадим, форсии миёна (паҳлавӣ) вомехӯранд, ки дар таркибашон ҳамин пешвандро доранд.
Масалан:
- akarta – насохта
- накарда, abarami – набурдан
- акаrаnа(h) – беканор
- анерон – ғайриэрон, ғайриэронӣ
- anahita – ноолуда
- adatih – бедодӣ
- anhastih – нестӣ
- анӯша – бемарг, безавол ва ғайра.
Забони тоҷикии муосир
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар забони тоҷикии муосир ин навъ калимаҳо ба таври нодир мавриди истифода қарор гирифтаанд:
- асағда – осӯхта – носӯхта, нимсӯз;
- апеша – бекор, бепеша ва ғайра.
Калимаҳои иқтибосӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо чунин маъниву вазифа дар забони тоҷикӣ калимаҳои иқтибосие (асосан аз забони юнонӣ) вомехӯранд, ки дар таркибашон а-, ан- доранд:
- аморфӣ – бешаклӣ;
- авитаминоз – нарасидани витамин;
- анемия – камхунӣ;
- асимметрия – ғайримутавозӣ ва ғайра.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А- // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.