Баалбак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Маҳалли аҳолинишин
Баалбак
Координатаҳо

34°00′22″ а. шим. 36°12′31″ т. ш.HGЯO

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
[[Акс:|310px|Баалбак дар харитаи]]
Баалбак
Баалбак

Баалбак (юн. Гелиопол) — шаҳр дар шимоли Лубнон, дар доманаи қаторкӯҳи Антиливан.

Аҳолиаш зиёда аз 72 ҳазор нафар (2011). Аз рӯйи лавҳачаҳои дорои хатти мехии аз Тал-ал-Амарн пайдогашта бармеояд, ки Б. асрҳои 15–14 то м. (ва ҳатто а. 18 то м.) вуҷуд доштааст. Соли 332 то м. аз тарафи Искандари Мақдунӣ забт гардид. Баъди фавти ӯ Сурия ба дасти птолемейҳо гузашт ва Гелиопол ном гирифт. Дар замони ҳукмр. Октавиан Август Гелиопол мустамликаи румиҳо (Юлий-Август-Феликс) гардид ва дар ин ҷо ибодатхонаҳои румӣ бунёд ёфтанд. Зимни ҳафриёти бостоншиносии с-ҳои 1898–1905 таҳти роҳбарии бостоншиноси олмонӣ О. Пухштейн маҷмааи бузурги ибодатхонаи аз а-ҳои 1–3 боқимонда бозёфт гардид. Соли 635 аз тарафи арабҳо (таҳти роҳбарии Абуубайд) тасарруф карда шуда, масҷиду манораҳо қомат афрохтанд. Соли 1400 аз тарафи Темур ва дар а. 18 қисман аз тарафи Ҷаззар (аз Аккра) хароб гардид. Дар а. 19 ба дасти туркон гузашта, ба маҳалли аҳолинишин табдил ёфт.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005.

Сарчашма[вироиш]