Борис Бабочкин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бабочкин Борис Андреевич)
Jump to navigation Jump to search
Борис Бабочкин
Babochkin Chapayev1.jpg
Санаи таваллуд:

5 (18) январ 1904

Зодгоҳ:
Санаи марг:

17 июл 1975(1975-07-17) (71 сол)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб:

ҳунарпеша, коргардони филм, коргардони театр, Педагогика, публисистика

Карера:

1921 — то ҳол

Мукофотҳо:
Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945"
ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Мукофоти сталинӣ Ҷоизаи давлатии СССР
Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
IMDb:

ID 0045030

Commons-logo.svg Борис Бабочкин дар Викианбор

Бабочкин Борис Андреевич (18.01.1904, Саратов — 20.07.1975, Маскав) — ҳунарпешаи театру кино ва коргардони шӯравӣ. Артисти халқии СССР (1963), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи студияи театрии «Ҳунарпешагони ҷавон»-и Маскав (1921, шогирди И. Н. Певсоф). Фаъолияти эҷодиаш аз соли 1921 дар Театри Иваново-Вознесенск оғоз шуд. Сипас дар театрҳои Могилёв, Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург), Маскав, Воронеж, Самара кор кард. Нақшҳои беҳтаринаш: Чатский («Дод аз дасти ақл»-и А. С. Грибоедов), Сохтаном («Борис Годунов»-и А. С. Пушкин), Огнёв («Ҷабҳа»-и А. Е. Корнейчук) ва ғ. Аз соли 1927 дар кино ҳунарнамоӣ кардааст («Исён», 1929; «Взводи якум», 1939). Нақши Чапаев аз кинофилми «Чапаев» (1934) ӯро машҳур гардонд. «Дача­нишинон»-и М. Горкий (1939, Театри Калони драмавии Ленинград) ва «Иванов»-и А. П. Чехов (1960, Театри Хурди Маскав) аз фаъолияти барҷастаи коргардонии ӯ мебошанд. Аз соли 1944 муаллим ва аз соли 1966 профессори Институти умумииттифоқии давлатии кинематография, саркоргардони Театри ба номи Пушкини шаҳри Маскав, аз соли. 1954 ҳунарпеша ва коргардони Театри Хурд буд. Дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1941, 1951). Бо 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Бабочкин Борис Андреевич // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма[вироиш]