Jump to content

Бавосир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бавосир
ИхтисосGeneral surgery Edit this on Wikidata
Бавосир
МКБ-10 I8484.
МКБ-9 455455
DiseasesDB 10036
MedlinePlus 000292
eMedicine med/2821  Шаблон:EMedicine2
MeSH D006484

Бавосир, геморро́й (аз лот. laαἷμα — «хун» ва ῥοῦς (< ῥόος) — «ҷараён») — васеъ ва дурушт шудани варид (сиёҳраг, вена)-и рӯдаи рост.

Бавосир берунӣ ва дарунӣ мешавад. Ҳангоми бавосири берунӣ вариди берунии рӯдаи рост васеъ шуда, уқдаҳои он берун мебароянд; Ҳангоми бавосири дарунӣ вариди дарунӣ васеъ гашта, уқдаҳои он бевосита дар даруни рӯдаи рост ҷой мегиранд.

Шах шудани хун дар вариди коси хурд ва рӯдаи рост (қабзияти музмин, дуру дароз нишастан, ҳомилагӣ), инчунин сустии модарзодии девораи варид боиси пайдоиши бавосир мегардад. Бавосир тадриҷан инкишоф меёбад. Дар натиҷаи бавосир аввал эҳсоси нофорам, хориш ва дарди мақъад пайдо шуда, ин ҳиссиёт баъди нӯшидани шароб, баъзан пас аз кори ҷисмонӣ афзунтар мегардад. Минбаъд аз уқдаҳо хун меравад (дар наҷосати бемор хун пайдо мешавад). Ҳангоми баста шудани роҳи хунгард ва газак гирифтани уқдаҳо дарди шадид ва қабзият пайдо шуда, бемор таб мекунад. Агар бавосирро муолиҷа накунанд, газак ба бофтаҳои атрофи мақъад мегузарад (ниг. Парапроктит). Бавосир ба таври музмин давом мекунад ва гоҳ-гоҳ авҷ мегирад. Дар фосилаи байни хурӯҷҳои беморӣ шахс худро солим ҳис мекунад. Баробари авҷ гирифтани беморӣ фосилаи байни хурӯҷи он кӯтоҳтар шуда, хунравӣ меафзояд. Дар вақти фуромадани уқдаҳои дарунӣ бемор дарди сахт ҳис мекунад, уқдаҳо варам карда, кабудтоб ё сиёҳча мешаванд.

Ҳангоми сӯзиши мақъад, эҳсоси ногувор дар вақти қазои ҳоҷат, хунолуд шудани наҷосат ё пайдоиши уқдаҳои бавосир ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Беморони гирифтори бавосир бояд таҳти назорати ҷарроҳ бошанд. Кӯшиши зер карда даровардани уқдаҳо ҷоиз нест, зеро ин амал метавонад боиси хунравии зиёд ё оризаҳои дигар ҷиддӣ гардад.

Бо мақсади ташхиси бавосир аз усули ректоромоноскопия истифода мекунанд. Бемор бояд дақиқ муоина шавад, то ки бемориҳои парапроктит, по­липҳо, саратони рӯдаи рост, кафидагии мақъад ва ғ. сарфи назар нашаванд. Бавосирро ҷарроҳ муолиҷа мекунад. Самараи табобат ба дараҷаи инкишофи беморӣ, сари вақт ба духтур муроҷиат кардан ва иҷрои маслиҳати ӯ вобаста аст. Риояи парҳез, истеъмоли сабзавоту мева, худдорӣ аз истеъмоли шароб, хӯроки сахт ва тунду тез ба ҷараёни табобат ёрӣ мерасонад.

Ҳангоми бавосири шадиди берунӣ обзани ширгарм, марҳами анестезинӣ ё гепаринӣ нафъ дорад. Дар вақти хуншории рӯдаи рост аз шамъчаҳои адреналинӣ истифода бояд кард ва агар беҳ нагардад, беморро дар беморхона бистарӣ ва ҷарроҳӣ мекунанд.

рафъи қабзият; кӯдаконро аз хурдсолӣ ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ одат кунондан зарур аст. Одамоне, ки рӯзи дароз рост истода ё нишаста кор мекунанд, бояд дар давоми кор ду маротиба ба варзиш (гимнастика) машғул шаванд (баъд аз се соати сар шудани кор, бори дуюм баъд аз ду-дувуним соат).