Jump to content

Багратунҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Багратиҳóи Армáн, Багратунҳо (арманӣ. Բագրատունիներ) — сулолаи қадимтарини бонуфуз дар Арманистон. Маълумоти аввалин доир ба Багратиҳои Арман ба садаи I то милод рост меояд. Дар замони истилои арабҳо (асрҳои 8-9) Багратиҳои Арман батадриҷ соҳиби шашяки ҳудуди Арманистон гаштанд. Пойтахти давлаташон Ширак шуд. Багратиҳои Арман унвони шоҳаншоҳи («князи князҳо»)-ро соҳиб шуда, муборизаро барои истиқлол бар зидди араб­ҳои истилогар давом дода буданд. Соли 886 Ашоти I подшоҳ шуд. Соли 961 пойтахти шоҳигарии онҳо ба шаҳри Анӣ кӯчид. Авҷи давлатдории сулолаи Багратиҳои Арман ба нимаи дуюми садаи X ва аввали садаи XI дар замони шоҳигарии Ашоти III, Симбати II ва Гагики I рост меояд. Соли 1045 баъди забт шудани Арманистон аз тарафи Византия, давлати Багратиҳои Арман завол ёфт.