Бадахшон (нашрия)
Зоҳир
Номи аслӣ | «Бадахшон» |
---|---|
|
|
Молик | Мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ |
Асосгузорӣ | 2 сентябри 1931 |
Забон | тоҷикӣ |
«Бадахшóн» — нашрияи мақомоти ҳокимияти давлатии ВМКБ. Аз 2 сентябри 1931 нашр мешавад. То соли 1955 «Бадахшони сурх», солҳои 1955—1990 «Бадахшони Советӣ» ном дошт ва ҳафтае се маротиба ба забонҳои тоҷикию русӣ ба табъ мерасид. Аз соли 1991 «Бадахшон» ном гирифт ва ҳафтае як маротиба ба забони тоҷикӣ (баъзе матолиб ба забони русӣ) чоп мешавад. Аз ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва адабии ВМКБ хабар, очерку мақола, лавҳа нашр менамояд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.