Бадномкунӣ
Бадномкунӣ (лот. diffamo – беэътибор мекунам) – пахши маълумоти нодуруст ба хотири паст задани чизе, ё резонидани обрӯйи касе; тавассути ВАО паҳн намудани иттилооти ғайривоқеӣ ва ё бардурӯғ дар нисбати шахсияти нафаре. Бадном кардан – аз номи шахси сеюм ва ё фикри иҷтимоӣ дар нисбати касе дурӯғ гуфтан; шаъну эътибори касеро паст задан. Дар журналистика ифшо кардан ва ё нишон додани тарафҳои манфии шахс, зуҳурот ва объект. Бадномӣ (компромат) – маводи бадномкунанда, иттилооти обрӯю нуфузи шахс ё ташкилотро пасткунанда, ки дар досеи хадамоти махсус ё рақибон вуҷуд дошта, аз ҷониби рақибон ва бадхоҳон дар ВАО ва тавассути шабакаҳои дигари иттилоотӣ паҳн карда мешаванд. Бадномиро инчунин бо мақсади таъқибкунии ҳуқуқӣ низ истифода мекунанд. Дар журналистика таъбири «партофтани бадномӣ», «Ҷойкунии бадномӣ», «ҷанги бадномӣ» васеъ ба кор бурда мешавад. Бадномкуниро дар давраи маъракаҳои пешазинтихоботӣ бо мақсади беобрӯ кардани рақибон, дар арафаи бастани шартномаҳои сердаромад, ҳамчун усули мубориза барои қарзҳои имтиёзнок, маблағгузорӣ аз билет, соҳиб шудан ба ҳокимият ва амсоли ин истифода мебаранд. [1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 28. ISBN-978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |