Таърихи Афзал
Нависанда | Афзали Кирмонӣ ва Афзалуддини Кирмонӣ |
---|
«Таърихи Афзал» (номи пуррааш «Бадоеъу-з-замон фӣ вақоеъи Кирмон», форсӣ: بدایع الازمان فی وقایع کرمان) — асари таърихии адиб ва муаррихи асрҳои 12—13 форс-тоҷик Афзали Кирмонӣ, ки солҳои 1208—1216 ба забони тоҷикӣ таълиф кардааст.
Ҳодиса ва воқеаҳои муҳими сиёсӣ, тарихи мухггасари Кирмон аз давраи пешазисломӣ то замони муаллиф (то соли 1215), тасвири ҷуғрофии Кирмон ва биноҳои маъмурии он аз мавзӯъҳои асосии «Таърихи Афзал» мебошад. Муаллиф аз ҳама бештар ба таърихи ҳукмронии сулолаи Салҷуқия, ҳуҷумҳои Саъд ибни Зангӣ ва Муҳаммади Хоразмшоҳ ба Кирмон аҳамият медиҳад. «Таърихи Афзал» барои омӯхтанм таърихи Осиёи Миёнаи пеш аз истилои араб, таърихи ҳукмронии сулолаҳои Саффориён, Ғазнавиён, Атобакони Форс ва Хоразмшоҳиён сарчашмаи муфид аст, зеро муаллиф дар он воқеа ва ҳодисаҳои таърихиеро ҷой додааст, ки ё онҳоро худ дидааст ё аз маъхазҳои муътабаре гирифтааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Таърихи Кирмон // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).