Бадрии Ғазнавӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадрии Ғазнавӣ
Навъи фаъолият: шоир

Бадрӣ ибни Аҳмади Ғазнавӣ (форсӣ: بدرئ غزنوی‎, соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 11). Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар сарчашмаҳои адабӣ (мас., «Лубобу-л-албоб»-и Авфӣ) аз зумраи шоирони замони Ғазнавиён зикр шудааст. Рубоии зерин аз ӯст:

З-ин мартабату ҷалолу з-ин бардобард
Эмин манишин зи давлати гардогард.
Имрӯз ғамони хеш хӯр мардомард,
З-он пеш, ки з-ин ҷо биравӣ дардодард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • محمد عوفی. لباب الالباب. تهران، ۱۳۳۳ هـ. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]