Jump to content

Бадри Ҷоҷармӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бадри Ҷоҷармӣ
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 11 август 1287[1]
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Бадри Ҷоҷармӣ (форсӣ: بدر جاجرمی‎, Бадруддин ибни Умар; ?, қасабаи Ҷоҷарми Хуросон — 1287, Исфаҳон) — шоир, ориф ва донишманди форс-тоҷик, падари Муҳаммади Ҷоҷармӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш илмҳои мутадовили даврашро омӯхта, дар синни камолот рӯ ба Исфаҳон овард. Ба хидмати ҳокими Исфаҳон ва Ироқи Аҷам Муҳаммади Ҷувайнӣ (вафот 1279) даромад ва ба унвони маликушшуаро соҳиб гардид. Аз Бадрии Ҷоҷармӣ девоне мондааст шомили тақр. 4 ҳазор байт қасоид, ғазалиёт, рубоиёт ва ғайра. Дар мавзӯъҳои анъанавии адабиёти классикии форс-тоҷик, махсусан ишқ ба сабки ироқӣ шеър гуфтааст. Ба шаклбозӣ ва такаллуф майл доштааст. Намунае аз ашъори ӯ:

Фидои оташи ишқат кунам тани чун шамъ,
Аз он ки оташи сӯзанда шамъро ҷон аст.
Маро ту ҷонию аз васли туст зиндагиям,
Аз он зи рӯзи ҷудоӣ дилам ҳаросон аст.

  • Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкирату-ш-шуаро. Д., 1999