Бадруддини Кашмирӣ
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Бадруддини Кашмирӣ (форсӣ: بدرالدین کشمیری, Абдуссалом ибни Саййид Иброҳими Ҳусайнӣ; ? — қарни XVI) — таърихнигор, адиб ва шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти мукаммал оид ба шарҳи ҳоли ин шоир дастрас нагардидааст. Соли 1554 аз Ҳиндустон ба Бухоро омад ва ба хидмати шайхони Ҷӯйборӣ — Хоҷа Ислом (вафот 1563) ва писари ӯ Хоҷа Саъд (вафот 1589) дохил шуд. Бадруддини Кашмирӣ адиби пурмаҳсул буда, асарҳои дар назму наср таълифкардааш асосан дар мавзӯоти тасаввуфӣ то замони мо расидаанд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Номгӯи маснавиҳои Бадруддини Кашмирӣ, ки бо номи «Баҳру-л-авзон» фароҳам омадаанд, бад-ин қарор аст: «Манбаъу-л-ашъор» дар пайравии «Махзану-л-асрор»-и Низомии Ганҷавӣ, «Мотамсарой» дар пайравии «Мантиқу-т-тайр»-и Аттор, «Зуҳраву Хуршед» дар тақлид аз «Ҳадиқату-л-ҳақиқа»-и Саноӣ, «Шамъи дилафрӯз» дар вазн ва тақлиди «Хусраву Ширин»-и Амир Хусрави Деҳлавӣ, «Матлаъу-л-фаҷр» дар пайравӣ ва вазни «Сабҳату-л-аброр»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, «Лайлию Маҷнун» дар тақлиди достони Ҳотифӣ ба ҳамин ном, «Расулнома» дар тақлиди «Бӯстон»-и Саъдӣ. Инчунин ба Бадруддини Кашмирӣ маснавие бо номи «Қиссаи Зулқарнайн», девони ғазалиёт — «Равзату-л-ҷамол» — иборат аз ғазалиёт, қасоид, рубоиҳо, номаҳо ва ғайраро мансуб медонанд. «Меъроҷу-л-комилин», «Сироҷу-с-солиҳин», «Равзату-р-ризвон ва ҳадиқату-л-ғилмон» асарҳои мансури Бадруддини Кашмирианд, ки дар онҳо аз масоили динӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ сухан меравад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бадруддини Кашмирӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.