Базаи тоҷикистонии АИ ИҶШС
Базаи Тоҷикистонии АИ ИҶШС — якумин муассисаи илмии маҷмӯии Тоҷикистон.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳори соли 1932 ташкил шуд, 2 шуъба – геологию биологӣ ва комиссияи таҳқиқоти экспедитсионӣ дошт. Ноябри 1940 шумораи муассисаҳои илмии он ба 13 расид, аз ҷумла институтҳои ботаника, геология, зоология ва паразитология, таърих, забон ва адабиёт, озмоишгоҳи хокшиносию мелиоративии Вахш, озмоишгоҳи биологии Помир, Пойгоҳи озмоишии зилзиласанҷӣ, расадхона, озмоишгоҳи кимиёвии Суғд (Хуҷанд), шуъбаҳои хокшиносию гелиотехникӣ, ду боғи ботаникӣ дар Сталинобод (Душанбе) ва Ленинобод (Хуҷанд). Ба кори Б. олимони машҳури шӯравӣ – академикҳо С. Ф. Олденбург (1932–33), А. А. Рихтер, А. Е. Ферсман, Н. П. Горбунов (1934), Е. Н. Павловский (1935–40) роҳбарӣ мекарданд.
Фаъолияти илмии база ба таҳқиқи минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда, тақвияти алоқаи илм бо талаботи сохтмони сотсиалистӣ равона гардида буд. Мас., геоботаникҳо дар бобати беҳтар кардани базаи хӯроки чорво ва боз ҳам хубтар истифода намудани чарогоҳҳо корҳои илмӣ анҷом медоданд, дар пойгоҳи биологии Помир масъалаҳои ба иқлими баландкӯҳ мутобиқ кардани зироат ва физиологияи рустаниҳои баландкӯҳ таҳқиқ карда мешуд. Дар соҳаи тиббу паразитологияи байторӣ ва ҳашаротшиноси (энтомология)-и кишоварзӣ таҳқиқоти бисёре зери роҳбарии акад. Е. Н. Павловский анҷом дода шуданд. Таҳқиқоти геологҳо ба ташкили бунгоҳи ашёи хом барои тараққиёти саноати маъдан ва сӯзишворӣ, истеҳсоли масолеҳи маҳаллии сохтмон равона мегардид.
Ба туфайли фаъолияти база таҳқиқоти таърихӣ низ ривоҷ ёфт. Алалхусус бозёфтҳои кӯҳи Муғ дар пешравии илми таърих аҳаммияти зиёд доштанд. Адабиётшиносону забоншиносон дар тартиб додани алифбои нави тоҷикӣ, луғатҳои русӣ-тоҷикӣ ва тоҷикию русӣ, дар таҳқиқи грамматика, адабиёт ва фолклори тоҷик кори бисёреро ба анҷом расонданд. Охири солҳои 30 садаи XX Б. маркази асосии илмии Тоҷикистон шуд. Дар муассисаҳои он 127 ходими илмӣ, аз ҷумла 5 доктори илмҳои ва 22 н. и. кор мекарданд. База соли 1941 ба филиали АИ ИҶШС, соли 1951 ба АИ ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раджабов З. Ш. Развитие науки в Таджикской ССР. Д., 1964;
- Асимов М. С. Советский Таджикистан и его наука // Наука Союза ССР. М., 1972.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Базаи Тоҷикистонии АИ ИҶШС // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — С. 261. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.