Базалиома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Базалиома
Basal cell carcinoma2.JPG
МКБ-10

C44

МКБ-9

173173

МКБ-О

Шаблон:ICDO-8093/3

OMIM

605462

DiseasesDB

1264

MedlinePlus

000824

eMedicine

med/214 

MeSH

D002280

Базалиома, карсиноидомоси пӯст, ки аз эпидермис ва изофаҳои ғадуди пӯст ташаккул меёбад.

Асосан дар одамони солхӯрда ба вуҷуд омада, бештар дар рӯй ҷой мегирад. Омос, одатан, танҳо буда, хеле суст (дар давоми солҳо) инкишоф меёбад. Базалиома дар ибтидо мисли гиреҳчаи сахти бедард аст; баъд тадриҷан калон шуда, ба захм табдил меёбад. Қаъри захм бо хадша (карахш)-и хокистарранг фаро гирифта мешавад. Базалиомаро бо роҳи ҷарроҳӣ табобат мекунанд. Аз шуоъшифоӣ низ истифода карда мешавад. Хусусан усули бо сармо вайрон кардани сохтори ҳуҷайраҳои омосро бештар кор мефармоянд (криохирургия). Дар мавриди саривақт муолиҷа кардани базалиома омос ба зудӣ сиҳҳат меёбад.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]