Jump to content

Байдарка

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Байдаркаи оҳанбасти «Вюн»
Шино дар байдарка

Байда́рка — заврақи камбари сабук барои варзиш дар об ва туризм. Бо ёрии белҳои дупарра, бодбон ё муҳаррики овеза ҳаракат мекунад. Қолаби байдаркаро аз чӯб, филизз ё пластмасса яклухт ё васлӣ сохта, бо матоъи обногузар рӯйкаш мекунанд. Байдарка 1, 2, 4 ҷойи нишаст дорад. Дарозӣ, бар ва вазни байдаркаи яккаса мувофиқан 5, 2 м 51 см, 12 кг, дукаса — 6, 5 м 55 см, 18 кг; чоркаса — 11 м, 60 см, 30 кг аст.