Байтбарак
Зоҳир
Байтбарак — як навъ мусобиқаи шеърдонӣ ва шеърхонӣ, бозии адабист, ки аз қадим дар маҳфилҳои шоирону шеърдӯстон баргузор мегардид.
Тартиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Тартиби баргузор кардани байтбарак бад-ин қарор аст: як нафар аз иштироккунандагон байте мехонад, ҳариф ё ҳарифон (агар байтбарак гурӯҳӣ бошад) дар ҷавоб бояд байте бихонанд, ки бо ҳарфи охирини байти хондаи бозигари якум оғоз ёфта бошад. Дар байтбарак касе ғолиб шумурда мешавад, ки ба байти гуфтааш ҳариф ё ҳарифон ҷавоб додан натавонанд. Байтбарак аз қадим то ба имрӯз (соли 2018) дар миёни мардуми тоҷик роиҷ аст. Дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва олӣ (дар дарсҳо, маҳфилҳои адабӣ, рӯзҳои ҷашн, махсусан, Иди Наврӯз) мусобиқаи байтбарак баргузор мешавад.
Байтбарак дар саросари кишвар фаъол аст[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Аржанг» 2016, — С. 173
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Раҳмонов Ш. Байт ва муносибати он дар шеър. Д., 1980;
- Мирзозода Х. Луғати мухтасари адабиётшиносӣ. Д., 1992.
- Айнӣ С. Ёддоштҳо. Қ.1-4. Д., 2009.
- Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Ҷ.1. Д., 2015.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Байтбарак / Ш. Раҳмонов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.