Байъона
Байъона — маблағи пулие, ки як тараф, мувофиқи маблағи дар шартнома пешбинигардида, ки бояд пардохта шавад, барои исботи бастани шартнома ва таъмини иҷрои он, ба ҳисоби тарафи дигар мегузаронад.
Ҳоло чунин навъи таъмини иҷрои уҳдадорӣ васеъ истифода мешавад. Агар пештар танҳо дар байни шаҳрвандон татбиқ карда шавад, ҳоло на танҳо дар муносибати байни шаҳрвандон, балки дар муносибатҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ ширкат менамоянд, татбиқ карда мешавад ва дар муносибатҳои соҳибкорӣ васеъ истифода мегардад. Байъона асосан маблағи пулӣ бошад ҳам, маҳдудияте нест, ки дар шакли дигар арзишҳои молумулкӣ ҳам амалӣ гардонида шавад. Додани байъона ва миқдори маблағи он дар созишномаи байни тарафҳо муқаррар карда мешавад. Тасвиби созишнома доир ба байъона, сарфи назар аз маблағи он, танҳо дар шакли хаттӣ сурат мегирад. Супурдани байъона собит мекунад, ки байни тарафҳо созишнома вуҷуд дорад. Супурдану гирифтани байъона маънои қисман иҷро намудани муқаррароти уҳдадориро дорад. Супурдану гирифтани байъона бевосита исботи шартномаи мавҷуда аст.
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Байъона // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.