Jump to content

Бактериоз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бактериоз — як навъ касалии сироятии рустанӣ, аз ҷумла дарахтони мевадор, ки бактерияҳо меангезанд.

Бактериоз метавонад ба ҳамаи рустанӣ ё узвҳои алоҳидаи он осеб расонад. Ангезандаҳои нисбатан фаъоли бактериоз бактерияҳои ҷинси Fseudomonas ва Bacillus мебошанд. Онҳо ба организми рустанӣ тавассути масомаҳои пӯст дохил мешаванд. Фаъолияти бактерияҳои ҷинси Agrobacterium ва Хanthomonas нисбатан суст буда, фақат аз ҷойҳои осебдидаи рустанӣ сироят мекунанд. Ангезандаҳои бактериозро ҳашароти ширамак паҳн мекунанд. Дар натиҷаи афзоиши ангезандаҳои бактериоз рустанӣ тадриҷан мехушкад. Дар шоху навда пайдо шудани ғурриҳо, доғ задани барг, пӯсидани ғужби ангур ва ғ. нишонаҳои асосии бактериоз мебошанд. Тадбирҳои мубориза: вобаста ба хусусияти баъзе касалиҳои бактериозӣ истифода бурдани усулҳои агротехникӣ, физикавию механикӣ, кимиёиву биологӣ; парвариши навъҳои ба бактериоз устувори току дарахтони мева.

  • Бактериозы культурных растений. М., 1980;
  • Байдербек Р. Опухоли растений. М., 1981;
  • Химическая и биологическая защита растений. М., 1983;
  • Справочник агронома по защите растений. Кишинёв, 1983.