Бактериология
Бактериология (аз юн.-қад. βακτηρία — бактерия + λόγος «дониш, илм») — як соҳаи микробиология, ки ба омӯзиши бактерияҳо машғул аст.
- Бактериологияи умумӣ масъалаҳои тасниф, морфология, физиология, биокимиё, ирсият, таҳаввул, дар муҳити ғизоӣ паҳн шудани бактерияҳоро таҳқиқ мекунад.
- Бактериологияи тиббӣ хосияти бактерияҳои барои одамон бемориовар, роҳҳои ҷудо кардани онҳо, ташхисот, масъалаҳои иммунитет ва ғ-ро меомӯзад.
- Бактериологияи ветеринарӣ барангезандаҳои касалии сироятии ҳайвонотро тадқиқ мекунад.
- Бактериологияҳои санитарӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ низ мавҷуданд.
- Бактериологияи кишоварзӣ аҳаммияти бактерияҳоро дар ташаккули сохту таркиби хок ва ҳосилхезии он, тағзияи рустаниҳо (аз ҷумла дарахтони мева, ғуҷуммева ва ток), пайдоиши касалиҳои бактериявии рустанӣ (мас., саратони решаи дарахтони гуногуни мева, саратони сиёҳи меваҷоти тухмдор – себ, биҳӣ, баъзан, ниҳолҳои босамари меваҳои донакдор, хурмо, чормағз ва диг. рустаниҳои боғоти куҳнаи беназорат, сӯзиши бактериявии дарахтони донакдор, нок, тут, рустаниҳои ситрусӣ), коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғ-ро таҳқиқ мекунад.
- Бактериологияи техникӣ аҳаммияти бактерияҳоро дар ҳосилшавии спирт, кислотаҳои органикӣ, фермент, аминокислота ва ғ. меомӯзад.
Бактериология дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Таърихи тараққиёти бактериологияи назариявию амалӣ дар Тоҷикистон ба ташкили Институти таҳқиқоти илмии санитарию бактериологӣ дар шаҳри Душанбе (соли 1932) алоқаманд аст. Дар ин-ти мазкур шуъбаи бактериология таъсис ёфта буд, ки айни ҳол маркази илмию методӣ маҳсуб мешавад. Дар шуъба таъсири тарафайни бактерияҳо, вирусҳо ва содатаринҳо дар меъдаву рӯда, таъсири биосенозҳо ба давомоти беморӣ, хусусияти бактерияи исҳоли хунин, ангезаҳои салмонеллёз ва роҳҳои паҳншавии бемориҳои сироятӣ мавриди тадқиқ қарор доштанд. Соли 1941 дар Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино кафедраи микробиология таъсис ёфт, ки дар тарбияи мутахассисони соҳаи бактериология саҳми назаррас гузошт. Кормандони кафедра аз рӯзҳои аввали фаъолияти илмӣ ба масъалаи таҳқиқоти бактериологӣ эътибори махсус медиҳанд. Дар натиҷа, оид ба ангезандаи бисёр бемориҳои сироятӣ ва роҳҳои маҳви онҳо, пайдоиши бемориҳои римдор, хусусияти ирсии микроорганизмҳои беморизо, мас., кампилобактерияҳо, хелокобактерияҳо ва ғ., маълумоти ҷолиб ба даст омадаанд. Таҳқиқоти бактериологӣ дар Институти пешгирии бемориҳои Вазорати тандурустии ҶТ низ ба роҳ монда шудаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бактериология / Н. Бердиев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.