Jump to content

Бактериурия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бактериурия
ИхтисосObstetrics and gynaecology, Мезроҳпизишкӣ Edit this on Wikidata
Бактериурия
MedlinePlus 000520
eMedicine / 
MeSH D001437

Бактериурия (аз бактерияҳо ва юн. uron – пешоб) — мавҷудияти бактерияҳо дар пешоб.

Бактериурия ҳақиқӣ ва дурӯғин мешавад. Дар мавриди бактериурияи ҳақиқӣ микробҳо дар пешоброҳа афзоиш мекунанд; ҳангоми бактериурияи дурӯғин онҳо ба пешоб ба воситаи гурдаҳо аз хун меоянд (бидуни афзоиш ёфтан). Бактерияҳо дар пешоб метавонанд бо роҳҳои гуногун пайдо шаванд, мас., аз манбаъҳои илтиҳоби гурда, ғадуди простата ва ғадудҳои қисми қафои пешоброҳ, ҳангоми муоинаи асбобӣ (катетер гузоштан, бужзанӣ ва ғайра), аз узвҳои таносул, рӯдаҳо (дар мавриди қабзияти бардавом, энтероколитҳо, проктит, кафидагии мақъад), бемориҳои сироятӣ (домана, брутселлёз, лептоспироз, саромос, грипп), аз манбаъҳои сироят дар организм (мас., тонзиллит). Вобаста ба шакли бактериурия дар пешоб қаламчамикроби рӯда, стафилококк, стрептококк, микрококк ва диг. микробҳо ошкор карда мешаванд. Бактериурия бисёр вақтҳо дар одамони солим ба мушоҳида мерасад, зеро дар роҳи пешоб ҳамеша микрофлораҳо афзоиш меёбанд.

Бо мақсади муолиҷаи бактериурия манбаи онро дар организм бартараф сохтан лозим аст; истифодаи антибиотикҳо, доруҳои сулфаниламидӣ, парҳез, табобат дар курортҳо низ манфиат доранд.