Jump to content

Бактороденсид

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бактороденсид (аз бактерияҳо ва лот. rodentia – хояндаҳо, cаedo – мекушам) — як навъ моддаи бактериядор.

Аз бактерияҳои тифи хояндаҳо тайёр карда мешавад. Барои маҳв кардани ҷонварони хоянда кор мефармоянд. Бактороденсид ду навъ (ғалладонагӣ ва аминоустухонӣ) мешавад. Барои таҳияи бактороденсиди ғалладонагӣ аз дони гандум, ҷав, сулӣ, ҷави русӣ ва ғ. истифода мебаранд. Барои корбасти он тайёр кардани мулӯҳ зарур нест. Бактороденсиди аминоустухонӣ аз хокаи устухон иборат аст; ғурӯшааш сафед ё хокистарии хушк буда, бӯйи хосса дорад; қабл аз истифода аз он мулӯҳ тайёр мекунанд. Давраи мусоиди истифодаи бактороденсид тирамоҳу зимистон ё авв. баҳор аст. Меъёри сарфи бактороденсиди ғалладонагӣ 1–2 кг/га, бактороденсиди аминоустухонӣ 200–300 г/га мебошад.