Jump to content

Балабон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балабон — сози мусиқии нафасӣ, ки байни мардуми Осиёи Миёна, Қафқоз ва Шарқи хориҷӣ маъмул аст.

Чун онро бо лабу даст менавозанд, баъзан манаҳчанг ҳам меноманд. Аз танаву сарпӯшак таркиб ёфта, ба найи лабӣ монанд мебошад. 8 сӯрох дорад, ки 7-тояшон дар қис­ми болои он ҷойгиранд. Дарозиаш 20-30 см, аз чӯби тут, зардолу ва чормағз сох­та мешавад. Диапазонаш аз «сол»-и хурд то «до»-и октаваи дувум. Садояш фораму нафис буда, аксаран чун сози якканавозӣ (соло) ва, баъ­зан, бо ҳамовозии созҳои мусиқии зарбӣ (на­қора, дойра, даф, таблак) навохта мешавад.