Jump to content

Балаликтеппа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Балаликтеппакӯшки асрҳои 5–7 дар масофаи 30 км шимоли Тирмиз.

Сол­ҳои 1953–55 Л. И. Албаум таҳ­қиқ намуд. Баландиаш 10 м, пой­девори кӯшк чор­кунҷаи пох­сагин (30х30м) буда, дар сат­ҳи он 14 хона ҷой гирифтааст. Гирди он бо девор иҳо­та шуда буд. Як кунҷи девор манорае дошт, ки он вазифаи даромадгоҳро низ иҷро мекард. Дар садаи 6 дар саҳни ҳав­лӣ хонаҳои нави ма­росимӣ сох­та шудаанд. Аз хонаҳо зарфҳои сафолин: кӯ­за, табақ, коса, ҷомҳо, боқимондаи созҳои мусиқии чӯбӣ, табақи шишагин бо акси зане, ки кӯдак мемаконад, ёфт шуд. Боми хонаҳо ҳамвор, болорҳои чӯбини он канда­корӣ шу­да буданд. Дар девори он нақши маросими пази­роӣ – ак­си 28 марду зани ба рӯйи қолин нишаста бо ранг­ҳои гуногун кашида шудаанд. Занҳо бо либоси гаронба­ҳо, ҳар­рир ва мардҳо бо камарбанду ангуштари тило ва занҳо бо гарданбанду ангуштарӣ, гӯшвору дастпона ва ҳама­ашон дар даст ҷому оина тасвир шудаанд. Дар паси онҳо акси 12 хидматгор бо бодбезан намудор аст, ки ду баробар хурд тасвир шудаанд. Дар нақш акси Тахориён тасвир гардидааст. Нақшҳои либоси одамон хусусиятҳои умумӣ дошт, аммо наққош ҳар як қисми либосро бо ранг­ҳои гуногуну маҳорати том офаридааст, ки як нақши либос ду бор такрор намеёбад. Нақшҳои Б. аввалин навъи санъати тасвирии Тахористон дар Осиёи Миёна ба шумор меравад.

  • Альбаум Л. И. Балалык-Теппа. К истории материальной культуры и искусства Тохаристана. Ташкент, 1960;
  • Гафуров Б. Г. Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история. М., 1972.